Худо ҳофиз оқои Бордюжа!
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз симмати худ канор рафт.
Ба гузориши “Азия плюс”, бо поёни даврони раёсати Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Валерий Семериков, муовини собиқи ин созмон ҷойгузини ӯ шуд.
Николай Бордюжа аз соли 2003-и мелодӣ ба ин сӯ дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ буд, ки дар поёни соли 2015 дар нишасти аъзои ин созмон муддати раёсати вай то аввали соли 2017 тамдид шуд.
Валерий Семериков аз соли 1975 то кунун дар вазифаҳои мухталифи низомӣ фаъолият кардаву 13 соли ахир низ муовини Бордюжа дар Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ будааст.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бар асоси тавофуқномаи амниятии соли 1992 миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис шуд.
Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия аъзои ин созмон ҳастанд.
Узбакистон дар соли 2012 аз узвияти ин созмон хориҷ шуд.