Январ 03, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди террористӣ дар ғарби Афғонистон

Шаҳри Ҳирот рӯзи сешанбе шоҳиди тазоҳуроти густардаи зидди террористии ҳазорон нафар аз мардуми ғарби Афғонистон буд.

Ба иттилои хабаргузории Тасним, ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот ҷинояти гурӯҳҳои террористӣ дар куштори мардуми бегуноҳи Афғонистонро маҳкум карданд ва поёни ин ҳамалотро хостор шуданд .

Муътаризон давлати Афғонистонро ба нотавонӣ дар барқарории амният ва ҷилавгирӣ аз ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ҷумла Толибон ва ДИИШ муттаҳам карданд ва гуфтанд, давлати Кобул қодир ба таъмини сулҳу субот дар кишвар нест.

Миёни тазоҳуркунандагон шуморе аз уламо ва рӯҳониюни шаҳри Ҳирот низ ҳузур доштанд .

Шаҳри Ҳирот дар як моҳи гузашта саҳнаи инфиҷорҳои мутааддид дар наздикии масоҷиди шиаён буда, ки даҳҳо шаҳид ва захмӣ барҷой гузоштааст .

Дар ин муддат ҳамчунин Шайх Абдулвоҳид Собирӣ, имом ҷамоати масҷиди ҷомеи Муҳаммадияи шаҳри Ҳирот ва Саид Юнуси Алавӣ аз уламои дигари ин шаҳр ба дасти террористҳо ба шаҳодат расиданд, ки омилони он токунун боздошт нашудаанд .

 

Барчасп