Март 17, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Аврупо дар масири бознигарии равобити Исроил
    Таҳлил: Аврупо дар масири бознигарии равобити Исроил

Бо идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён ва насикӯшии мардуми Ғазза, кишварҳои ҳомии режими саҳюнистӣ низ ба муътаризони сиёсатҳои ин режим пайваста ва дар пайи бознигарии равобити худ бо Исроил ҳастанд.

Дар ин росто Вазоратаи умури хориҷаи Аврупо, дар бораи нақзи тааҳудоти ҳуқуқи башари Исроил таҳти тавофуқномаи ин режим бо Иттиҳодия ва таъсири он бар ояндаи равобит бо Тел-Авив ройзани хоҳанд кард. Бо тадовуми ҷанги Ғазза ва кӯштори ҳаррӯзаи фаластиниҳо ба вижа кӯдакон ва занон тавассути режими саҳюнистӣ, ҳамчунин бастани  роҳҳои кумакрасонӣ тавассути ниҳодҳои байналмиллалии имдродрасонӣ ба сокинони Ғазза, ҳимояти ҷаҳонӣ аз  ормонҳои Фаластин ва маҳкумияти иқдомоти ҷинояткоронаи Исроил раванди афзоишӣ доштааст ба тавре, ки акнун бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ хоҳони қатъи равобит бо Исроил ё афзоиши фишорҳои байналмиллалӣ барои поён додан ба ҷанги Ғазза шудаанд.

Ҳамчунин бо тасмимоти Бинямин Натанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ  Олмон мухолифати худро бо ин  тасмим эълом кардааст. Акнун Ирланд ва Испания ба унвони ду узви Иттиҳодияи Аврупо дар барномае ба раиси Камисиюни Аврупо нигаронии амиқи худро нисбат ва вахомати увзоъ дар Ғазза иброз ва хостори бознигарии фаври дар умури ин, ки Исроил ба тааҳудоти ҳуқуқи башарии таҳти тавофуқномаи худ бо Иттиҳодияи Аврпуо амал мекунад ё на, шудаанд.

Дар ин нома омаддаст : Ботавуҷҷуҳ ба хатари вуқӯъ омадани фоҷеъаи инсонии ношӣ аз қарибал вуқӯъи амалиёти низомии Исроил  дар рафъ бо таваҷҷӯҳ ба ончӣ, ки аз октябри 2023 дар Ғазза рӯх дода ва ҳамчунон идома дорад, илова бар нигаронии густарда дар мавриди нақзи эҳтимолии ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона ва қавонини байналмиллалии ҳуқуқи башар тавассути Исроил,  аз Камисиюни Аврупо мехоҳем барраси  фаври дар бораи пойбанд будани Исроил ба тааҳудоти худ, аз ҷумла бар асоси « тавофуқномаи мушорикати Иттиҳодияи Аврупо ва Исроил» ки эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва усули демокротикро  ба як унсури асосӣ дар  равобит табдил мекунад, анҷом диҳад.

Ҷосеп Боррелл масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо дар ин замина гуфт: Агар ҷомеъаи байналмиллалӣ мутақид аст, ки ин як кӯштор аст ва афроди зиёде кушта мешаванд, бояд дар хусӯси таъмини силоҳо таъомул кунем, ин иқдом мутаноқиз аст, ки кишварҳо ба  таври мукаррар эълом кунанд Исроил теъдоди зиёди ғайри низомиро дар Ғазза мекушад, аммо ҳеҷ иқдоми мушахасӣ барои ҷилавгирӣ аз ин куштор анҷом намешавад.

Ду дастагӣ дар Аврупо бар ҳимоят ва адами ҳимоят аз Исроил шиддат гирифтааст. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ муътақиданд Исроил қавонини ҳуқуқи башариро зери по гузошта ва наслкӯшии фаластиниёнро дар пеш гирифтааст ва дар ин росто бояд сиёсати Аврпуо дар иртибот бо Исроил тағир кунад бо ин ҳол бархе аз кишварҳои аврупоӣ низ бо нодида  гирифтани ҷиноёти Исроил дар талош барои ҳифзи равобити худ ҳастанд.

Вахомати увзоъи инсонӣ дар Ғазза, омори болои шуҳадо ба вижа занон ва кӯдакон, гурӯснагӣ ва хатари қаҳтӣ, афзоиши бемори  ва набудани дорӯ ва кодри дармон ҳамчунин ба бумбаст расидани ҳамаи музокироти марбут ба поёни додан ба ҷанг сабаб шудааст то акнун афкори умумӣ дар сатҳи ҷаҳон зимни маҳкум кардани ҷиноёти Исроил хостори  иқдоми давлатҳои аврупоӣ барои фишор бар исроил шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки девони байналмилалии Додгустари низ ба тозагӣ ба посӯх ба шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи ҷоноёти режими Исрол  дар ҳукме нисбат ба нақзи  Конвонсиюни наслкӯши аз сӯйи Исроил ибрози нигаронӣ ва эълом кард, ки ин режим бояд иқдоми лозимро барои мамонеъат аз кӯштори фаластниён иттихоз кунад. Тел-Авиви ҳамчунин бояд адами иртикоб ба ҷинояти наслкӯши тавассути нерӯҳояшро тазмин ва иқдомоте дар ростои беҳбуди увзоъи инсонӣ дар Ғазза иттихоз кунад.

Қарор аст мазӯъи иртибот бо Исроил ба зуддӣ дар нишасти Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирад, аммо таълиқи ҳаргуна тавофуқи мушорикат, ниёзмани тасмими тамоми 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аст. Ба назар мерасад лобиҳои Исроил дар кишвраҳои аврупоӣ иҷозаи ахази тасмиме дар ин росторо бидиҳанд.

 

 

Барчасп