Март 20, 2024 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Боррелл аз буҳрони инсонӣ дар борикаи Ғазза
    Ибрози нигаронии Боррелл аз буҳрони инсонӣ дар борикаи Ғазза

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо ибрози нигаронӣ дар бораи буҳрони инсонӣ дар борикаи Ғазза гуфт, ки ин минтақа ба бузургтарин қабристони ҷаҳони табдил шудааст .

Ба гузориши Ирно , « Ҷосеп Боррелл » масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупои рӯзи душанбе дар остона баргузарии нишасти шӯрои вазирони умӯри хориҷаи ин Иттиҳодия бо баёни инки афкори умумӣ дар Ғарб нисбат ба авзоъи инсонӣ дар борикаи Ғазза нигарон ва хостори иқдом амалӣ ҳастанд , гуфт : Шароити инсонии борикаи Ғазза дар сояи тадовуми ҷанги режими наслкуши саҳюнистӣ бо ҳамдастии бархе кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Амрико ва  Британия бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ба шиддат буҳронӣ аст ва ин режими наслкуш иҷозаи вуруди кумакҳо ба борикаи Ғаззаро намедиҳад.

Токунӯн талошҳои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои таваққуфи таҷовузоти режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи сокинони борикаи Ғазза, ки аз ҳафтуми октябри 2023 оғоз шудааст , ба иллати ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва  сӯъи истифодаи ин кишвар аз имтиёзи Вето , ноком мондааст .

Вазорати беҳдошти Фаластини рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард ки шумори шуҳадои борикаи Ғазза аз ибтидои таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар 7 октябри 2023 токунӯн ба 31 ҳазору 726 нафар расидааст .

Барчасп