Раисиҷумҳури Туркия: Фишорҳо бар Исроил афзоиш меёбад
Раисиҷумҳури Туркия аз талоши Анкара барои афзоиши фишор бар режими наслкуши Исроил ҷиҳати пайбандӣ ба қатъномаи Шӯрои амният дар бораи барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза хабар дод.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия тасреҳ кард то замоне, ки фаластиниҳо ба ҳаққи озодии худ ва сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳамчунин ташкили кишвари мустақил ба пойтахтии Қудси шарқӣ даст наёбанд, Туркия ба ҳимоятҳо аз Фаластин идома медиҳад.
Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза дар моҳи мубораки Рамазон, асри душанбе (25 март) пас аз чанд моҳи ҷанг дар Ғазза дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, аммо бо вуҷӯди гузашти 19 рӯз аз моҳи Рамазон ҳамчунон иҷроӣ нашудааст.
14 узв аз 15 узви Шӯрои амнияти Созмони милал ба қатъномаи ироа шуда тавассути аъзои ғайридоими ин шӯро барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъйи мусбат доданд ва аз он ҳимоят карданд.
Амрико ба унвони узви доими ин шӯро, раъйи бетараф дод ва ба ин тартиб қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза ба тасвиб расид.
Қатъномаи тасвиб шуда бар зарурати барқарории оташбаси фаврӣ тайи моҳи мубораки Рамазон, эҳтироми тарафайн ба он ва мунтаҳӣ шудани ин оташбас ба оташбаси пойдор таъкид дорад.
Қатъномаи Шӯрои амният ҳамчунин озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳамаи асирон ва тазмини дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстонаро хостор аст.