Беэътимодии беш аз ниме аз шаҳрвандони амрикоӣ ба Байден ва Трамп
Июл 05, 2024 17:00 Asia/Dushanbe
Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷии муассисаи “Голуп” ҳокӣ аз он аст, ки беш аз ниме аз амрикоиҳо муътақиданд, Ҷо Байден ва Доналд Трамп фоқиди вижагиҳои лозим барои раёсати ҷумҳурии Амрико ҳастанд.
Ба гузориши Ирна, муассисаи “Голуп” (яке аз муътабартарин муассисоти назарсанҷӣ дар ҷаҳон) дар гузорише, ки 27 июни мунташир кард, навишт: Дар кул амрикоиҳо ҳеҷ кадом аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро чандон муносибу матлуб (Favorable) намедонанд.
Шастумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико сешанбеи 5 ноябри 2024 анҷом хоҳад шуд.
Барчасп