Ғарб ҷаҳоне пур аз табъиз ва бо сиёсатҳои дугона эҷод кардааст
(last modified 2024-10-21T12:47:46+00:00 )
Октябр 21, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ғарб ҷаҳоне пур аз табъиз ва бо сиёсатҳои дугона эҷод кардааст

Порс тудей - Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид аз «табъиз ва стандартҳои дугона», ки маҳдӯдиятҳо ва саркуби эътирозоти суханрониҳои ҳомии Фаластин дар нуқоти мухталифи ҷаҳонро дар пай доштааст, башиддат интиқод кард.

Irene Khan, коршиноси мустақили Созмони милал бо интиқод аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Исроил аз масӯният ва муофияти мутлақ бархӯрдор аст.

Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз ИСНА, Irene Khan бо ишора ба саркӯби эътирозоти ҳомиёни Фаластин дар Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ афзуд: Дар тӯли ҷанги Ғазза беш аз ҳар ҷанги дигаре дар солҳои ахир, озодии баён таҳдид шудаасту рӯзноманигорон ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин коршиноси Созмони милал тасреҳ кард, дар ҳоле, ки платформҳои иҷтимоӣ роҳи наҷоте барои барқарории иртибот бо Ғазза буданд, акнӯн шоҳиди афзоиши иттилооти нодуруст, дурӯғпароканӣ ва суханони нафратангез дар расонаҳо ҳастем.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Евсеев, коршиноси низомӣ ва соҳибназари барҷастаи Муассисаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъиди сиёсати мутаноқизи амалӣ ва гуфтории Ғарб дар қиболи Ғарби Осиё гуфт: Ғарбиҳо ба саркардагии Англия ва Амрико чунин рӯйкардеро дунбол мекунанд, рӯйкарде, ки лобии Исроил дар он нуфузи қавӣ дорад.

Вай тасреҳ кард: Бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар арсаи афкори умумӣ, намоиш таблиғотӣ доранд ва гоҳе авқот Исроилро дар калом маҳкӯм мекунанд, аммо дар воқеъ танҳо ба ҳифозат аз режими ҷинояткори Натаняҳу фикр мекунанд ва силоҳи мавриди ниёзи ин режимро барои куштори ғайринизомиён дар Борикаи Ғазза, Лубнону Сурия таъмин мекунанд.

Дар эътироз ба ҳамин равияи Ғарб ва дар сӯи дигари ҷаҳон, фармондори минтақаи Запороже тайи суханоне аз масъулони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар хусӯси адами бархӯрд бо Украина дар гулӯлаборони мудовими нерӯгоҳи ҳастаии ин минтақа интиқод кард.

Евгений Балицкий, фармондори минтақаи Запороже гуфт, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ як сохтори мустақил несту дастӯроти дигаронро иҷро мекунад ва ба ҳамин далел аст, ки ҳануз омили аслии гулӯлаборони нерӯгоҳи ҳастаии «NPP»-ро муаррифӣ накардааст.

Вай афзуд: Вақте ҳуқуқи коркунону руасои Ожонси байналмилалии энержии атомиро мақомоти аврупоӣ пардохт мекунанд, ожонс наметавонад, мустақил бошад.