Таъкиди Трамп бар имкони лағви таҳримҳо алайҳи Русия
Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико аз имкони лағви таҳримҳо зидди Русия хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Доналд Трамп, дар мусоҳибаи матбуотӣ эълом кард, таҳримҳои ин кишвар алайҳи Русия дар муқобили тавофуқи дутараф барои коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ метавонад лағв шавад. Трамп бо таъкид бар ин ки таслиҳоти ҳастаӣ бояд ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёбад афзуд, Русия, ки ҳамакнун ба иллати таҳримҳо ба шиддат зарар дидааст, метавонад иқдоме кунад, ки манфиати бисёреро ба думбол дошта бошад ва чунин рӯйкарде ба коҳиши танишҳои байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.
Пас аз он ки Вашингтон , Брюссел ва муттаҳидони онҳо, Русияро ба ташдиди танишҳо дар шарқи Украина муттаҳам ва таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар эъмол карданд, муносиботи Маскав ва Ғарб рӯ ба тирагӣ гузошт.
Маскав низ пас аз эъмоли таҳримҳо, бо радди ҳаргуна мудохила дар муноқишаи Украина дар садади иқдоми талофиҷуёна баромад.