Бозори дипломатии Сараево
Декабр 08, 2025 10:06 Asia/Dushanbe
Бозори зимистонии дипломатии Сараево имсол низ бо истиқболи густардаи мардуми ин шаҳр баргузор шуд.
Ба гузориши сервиси байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Сараево, дар ин рӯйдод беш аз 45 сафоратхона ва созмони байналмилалӣ ширкат доштанду ғурфаҳое бо хӯрокиҳои суннатӣ, саноеи дастӣ ва маҳсулоти фарҳангӣ аз саросари ҷаҳон барои боздидкунандагон фароҳам шуд.
Ғурфаи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо ироаи саноеи дастӣ, китобҳои тарҷумашуда ба забони босниёӣ ва албатта ғизои эронӣ мизбони ширкаткунандагони ин бозор буд.