Январ 23, 2017 20:23 Asia/Dushanbe
  • Бархӯрди раисҷумҳури Амрико бо расонаҳо

Раисҷумҳури ҷадиди Амрико ва тими мунтахаби ӯ дар нахустин рӯзҳои вуруд ба Кохи Сафед дар муқобили расонаҳо қарор гирифтанд.

Кохи Сафед бо интиқод аз амалкарди расонаҳо дар шеваи пӯшиши маросими савгандёдкунии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико онҳоро ба тағйир дар кадрбандии навор барои камтар нишон додани ҷамъияти ҳозир дар ин маросим муттаҳам кард. Ин нахустин ҳамлаи интиқодомез аз низои тӯлонӣ байни раисҷумҳури ҷадиди Амрико ва расонаҳои хабарӣ аст, ки ахбори марбут ба ӯро пӯшиш медиҳанд.

Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед шаби шанбе дар баёнияи шадид-ул-лаҳне наворҳоеро, ки майдонҳои бузург, вале холӣ аз ҷамъиятро дар боғи «National Mall», маҳалли баргузории маросими қасамёдкунии рӯзи ҷумъа нишон медоданд, интиқод карда гуфт, ин бузургтарин ҷамъияти мухотабоне буд, ки маросими савгандёдкунии як раисҷумҳурро дар Амрико назорат мекард. Келлиянн Конвой, мушовири Трамп низ рӯзи якшанбе бо пеш кашидани моҷарои тахминии ҷамъияти ҳозир дар маросими савгандёдкунии Трамп расонаҳоро дурӯғгӯ қаламдод кард. Сухангӯи ҷадиди Кохи Сафед бошад, гуфтааст, аксҳо ба гунае гирифта шудаанд, ки мизони ҷамъияти ҳозир дар маросим камтар ба назар расад. Мақомоти Кохи Сафед пеш аз ин ҳеҷ гоҳ дар хусуси арзёбии ҷамъият дар таҷаммӯъҳои гуногун изҳори назар намекарданд. Расонаҳо эълом кардаанд, ягона роҳи арзёбии ҳозирон дар маросими қасамёдкунии Трамп баррасии наворҳо ва муқоисаи он бо маросими қасамёдкунии Барак Обама, раисҷумҳури вақти Амрико дар соли 2009 аст.

Трамп, ки аз муддатҳо қабл расонаҳоро ба талош барои шикаст дар роҳёбияш ба Кохи Сафед муттаҳам кардааст, рӯзи шанбе боз ҳам расонаҳоро ба далели интишори ахбори ғайривоқеӣ дар бораи душмании ӯ бо СРУ ҷиҳати анҷом додани таҳқиқот роҷеъ ба иттиҳоми Русия, ки гуфта мешуд, замони маъракаҳои интихоботи ҳамлаи ҳаккерӣ аз ҷониби ин кишвар пиёда шудааст, накӯҳиш кард. Дар ҳамин ҳол, масъулини нашрияи англисии “The week” ва “Экономист” дар иқдоми ҳамзамоне карикатураеро аз Трамп бар рӯйи ҷилди нашрияҳои худ ба чоп расонданд. “The week” бо чопи карикатурае аз Таромп бар рӯйи ҷилдаш навишт, “Трамп, ки акнун масъул аст, оё Амрико дар дастони ӯ амн хоҳад буд?!”. Нашрияи “Экономист” низ бар рӯйи ҷилди худ тасвире аз Трампро ба сурати Ҷорҷ Вашингтон, нахустин раисҷумҳури Амрико чоп кард, ки дар чеҳрааш табассуме ҳамчун мазоҳ ба дигарон ҳувайдост.

Доналд Трамп ҳамчунин як рӯз пас аз баргузории маросими савгандёдкунияш дар паёми твиттерие ширкаткунандагони тазоҳуроти занонро дар Вашингтон зери суол бурд. Ҳол он ки як миллион зани амрикоӣ рӯзи шанбе дар тазоҳуроти густурдае алайҳи Доналд Трамп дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба хиёбонҳои омаданд. Тазоҳуроти мушобеҳе низ аз сӯйи занон дар бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Зеландияи Нав, Аргентина, Британия, Фаронса ва Италия низ роҳандозӣ шудааст. Баёни бархе изҳори назарҳо ва шиорҳои интихоботӣ аз сӯйи Трамп дар даврони таблиғоти интихоботӣ нигарониҳои густурдаеро дар байни гурӯҳҳои васеи мардуми Амрико, бавижа занон ва ақаллиятҳо эҷод кардааст. Ҳамчунин рафторҳои ҷанҷолӣ ва дар бархе маворид беадабонаи Доналд Трамп боис шудааст, бисёре аз мардум ва чеҳраҳои машҳури Амрико ӯро лоиқи мақоми раёсатҷумҳурии ин кишвар надонанд.

 

Барчасп