Январ 24, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои раисҷумҳури Амрико аз 400 шуғли тиҷорӣ  

Раисҷумҳури Амрико аз садҳо шуғли тиҷории худ истеъфо кард.

Ба иттилои CNN, асноди ироашуда аз сӯи Созмони Трамп, ки дар 19 саҳифа мунташир шудааст, нишон медиҳад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз 400 шуғли тиҷории худ канорагирӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи масъӯлят ва пайбандӣ ба усули ахлоқии шаҳрвандон CREW, рӯзи душанбе алайҳи Трамп ба далели дарёфти пул аз кишварҳои хориҷӣ иқомаи даъво кард.

Ной Букбайндер, мудири иҷроии CREW бо интишори баёнияе навишт, Трамп бояд гомҳои лозимро барои худдорӣ аз нақзи Қонуни асосӣ бардорад, зеро нақзи Қонуни асосӣ аз сӯи ӯ пас аз тасаддии симмати раёсатҷумҳурии Амрико сабаби иқдоми қонунии зидди Трамп мешавад .

Доналд Трамп, ки аз 20 январ расман раисҷумҳури Амрико шудааст, ба монанди корзори интихоботиаш ҳамчунон ҷанҷолбарангез аст ва нахустин рӯзи раёсатҷумҳурии Трамп бо баргузории роҳпаймоии эътирозомези садҳо ҳазор амрикоӣ ҳамроҳ шуд .

 

Барчасп