Июл 14, 2016 20:28 Asia/Dushanbe
  • Шарти Маскав барои оддисозии равобит бо НАТО

Маскав оддисозии равобит бо Созмони Паймони Анлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро ба таваққуфи иқдомоти низомии ин паймон дар наздикии марзҳои Русия вобаста донист.

Русия таваққуфи фаъолиятҳои низомии НАТО-ро наздик ба марзҳои ин кишвар шарти оддисозии равобит бо НАТО эълом кард.

Ба навиштаи хабаргузории "Спутник", Александр Гришко, намояндаи доимии Русия дар НАТО гуфтааст, шарти оддисозии равобити Русия ва НАТО таваққуфи фаъолиятҳои низомии ин созмон наздик ба марзҳои Русия аст.

Русия ҳамчунин хостори бозгашти нерӯҳое шуда, ки НАТО онҳоро наздик ба марзҳои Русия мустақар кардааст.

Гришко бо ишора ба тасмими НАТО барои мустақар карданҳои бештаре дар Лаҳистон, Литва ва Латвия гуфтааст, ин иқдомот ҳеҷ тавҷеҳе надоранд.

Аъзои НАТО дар ҷаласаи ахири худ дар Лаҳистон таҳдиди Русияро барои мавҷудияти худ ҳампояи ДИИШ донист.

Барчасп