Мухолифати Русия бо ташкили ҷаласаи Шӯрои амният дар бораи Эрон
(last modified Tue, 31 Jan 2017 16:15:00 GMT )
Январ 31, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо ташкили ҷаласаи Шӯрои амният дар бораи Эрон

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ташкили ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амният дар бораи озмоиши мушакии Эрон мухолифат кард.

Ба иттилои хабаргузории Фаронса, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе гуфт: Озмоиши мушакии миёнбурди Эрон нақзкунандаи қатъномаи Созмони милали муттаҳид дар бораи парвандаи ҳастаии ин кишвар нест .

Вай афзуд: Дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барои Эрон мамнуияти озмоиши мушаки миёнбурд пешбинӣ нашудааст .

Рябков ҳамчунин дархости Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро барои баргузории нишасте фаврӣ дар бораи озмоиши мушаки миёнбурди Эрон, талоше барои пуртаниш кардани авзоъ ва расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ тавсиф кард .

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид қарор аст, ба дархости Амрико ва режими саҳюнистӣ дар бораи озмоиши мушакии Эрон нишасти фавқулода баргузор кунад .

Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид Эронро танҳо аз озмоиши мушакҳои баллистикӣ манъ мекунад, ки бо ҳадафи доштани қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ тарроҳӣ шудаанд .

Эрон таъкид дорад, ки ҳечкадом аз мушакҳояш бо ҳадафи доштани чунин қобилияте тарроҳӣ нашудаанд .