Феврал 01, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Русия алайҳи Украина ҷиҳати нақзи тавофуқномаи Минск

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе дар баёнияе бо ишора ба муташанниҷ шудани вазъи Донбасс, шарқи Украина, аз ҷумла Донетск ва манотиқи атрофи он эълом кард, ки Ҳукумати Украина дар ростои манофеи худ талош мекунад, буҳрони Украина дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз шавад ва ба муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаи Донбасс доман мезанад.

Дар ин баёния гуфта мешавад, воҳидҳои низомии Украина бо силоҳи вазнин манотиқи аҳолинишини вилояти Донетскро ҳадаф қарор медиҳанд, дар ҳоле ки тибқи тавофуқномаи Минск-2, ин силоҳҳо бояд аз хати оташбас ба фосилаи дуртар интиқол ёбанд. Аз дидгоҳи Русия, ҳукумати ғарбгарои Украина бо ин гуна иқдомот дар садад аст, то на танҳо оташи буҳронро дар шарқи ин кишвар шӯълавар нигаҳ дорад, балки ба ин баҳона хоҳад тавонист идомаи ҳимояти ҳамаҷонибаи Ғарб, бавижа Иттиҳоди Аврупо ва Амрикоро аз худ дар ҷанбаҳои мухталиф, бахусус дар замина молӣ, иқтисодӣ ва низомӣ, таслиҳотӣ ҳифз кунад. Маскав барои исботи иддаои худ дар ин замина ҳамзамон ба ҳамалоти нерӯҳои Украина бо сафари Петро Порошенко, раисҷумҳури ин кишвар ба Олмон ишора ва таъкид кардааст, ки ин нахустин бор нест, ки ҳамзамон бо сафарҳои хориҷии сарони Украина вазъи шарқи ин кишвар муташанниҷ мешавад. Бад-ин тартиб, Киев умедвор аст, буҳрони Украина дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз шавад. Дар айни ҳол, русҳо муддаӣ ҳастанд, ки Ҳукумати Украина ҳеҷ иқдоме барои иҷрои тавофуқномаи Минск накарда ва бо ҳамалот ба манотиқи шарқи ин кишвар ҳамеша онро нақз мекунад.

Зоҳиран ин бор афзоиши даргириҳои низомӣ дар шарқи Украина, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст, ба ҳадде ҷиддӣ буда, ки боис шудааст, то Петро Порошенко, раисҷумҳури ин кишвар сафари рӯзи сешанбеи худро ба Олмон нотамом гузошта, ба Киев баргардад. Порошенко барои анҷоми дидори кории дурӯза ва музокира бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба Берлин сафар карда буд, аммо бо ташдиди муноқиша дар минтақаи Донбасс, шарқи Украина сафари худро нотамом гузошт. Ӯ дар дидор бо Меркел Русияро масъули даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина дониста, хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав шуд. Бо ин ҳол, нуқтае, ки ин дархости Порошенкоро ба сурати иқдоми комилан аз қабл барномарезишуда ҷилва медиҳад, ин аст, ки нерӯҳои Украина ҳамзамон бо сафари Порошенко ба Олмон шурӯъ ба гулӯлаборон кардани ин манотиқ бо тӯп ва оташборҳои сангин карданд. Ин масъала нишон медиҳад, ки раисҷумҳури Украина барои асоснок кардани дархости худ дар заминаи афзоиши кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Киев ва низ афзоиши фишорҳо алайҳи Маскав ночор аст ва дастовези қавие дар ин замина бояд дошта бошад. Зоҳиран ин дастовез чизе ҷуз афзоиши ногаҳонии ҳаҷму шиддати даргириҳо дар шарқи Украина набудааст.

Бо ин ҳол, паёмадҳои ин масъала ба буҳрони Украина фоҷиабор аст. Аз як тараф дар шароити сахти зимистони Украина ташдиди даргириҳо сирфан мунҷар ба афзоиши ранҷу азоби ғайринизомиёне мешавад, ки дар шарқи Украина зиндагӣ мекунанд ва аз сӯйи дигар ин даргириҳо ба навъе бозгашт ба ақиб дар масири ҳаллу фасли буҳрони шарқи Украина аз тариқи иҷрои тавофуқномаи дувуми Минск аст, ки дар 11-уми феврали соли 2015 барои барқарории оташбас ва дар мароҳили баъд ислоҳи Қонуни Асосии Украинаву баргузории интихобот дар шарқи Украина миёни кишварҳои Украина, Русия, Фаронса ва Олмон ба имзо расид. Бо вуҷуди гузашти ҳудуди ду сол аз имзои тавофуқномаи Минск-2 тавассути “Гурӯҳи нормандӣ” ҳанӯз иқдоми муҳиме барои иҷрои паҳлуҳои дигари ин тавофуқнома ҷуз барқарории оташбас ва ақиб кашидани силоҳи вазнину нимасангин аз манотиқи даргири он ҳам ба сурати ғайриқатъӣ анҷом нагирифтааст. Дар чунин ҳол, метавон гуфт, акнун дар шарқи Украина бунбаст ҳоким аст.

 

Барчасп