Раисҷумҳури Зимбабве: Худованд хоста бори дигар номзади интихобот шавам
Раисҷумҳури 93 солаи Зимбабве гуфт, Худованд ба ӯ маъмурият дода, то бори дигар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ шавад ва ӯ ин маъмуриятро пазируфтааст.
Ба иттилои Ройтерс, Роберт Мугабе, ки аз замони истиқлоли Зимбабве аз Британия дар соли 1980 токунун танҳо раисҷумҳури ин кишвар будааст, эълом кард, Ҳизби ҳокими иттиҳоди миллии Африқо, ки раёсаташ бар уҳдаи худи ӯст, фарди шоистаи дигареро барои номзадӣ дар интихоботи соли ояндаи ин кишвар суроғ надорад .
Мугабеи 93 сола, ки дар ҳузури ҳазорон тан аз мардуми ин кишвар ва дар ҷашни солрӯзи таваллудаш сухан мегуфт, раёсатҷумҳурии худро маъмурияти илоҳӣ барои бароварда сохтани ниёзҳо ва хостаҳои шаҳрвандони Зимбабве тавсиф кард .
Раисҷумҳури Зимбабве дар поёни суханонаш гуфт: Худовандро шукргузорам ва мегӯям, ки Худоё маъмуриятро пазируфтам .
Мугабе интихоби ҷонишин барои худро таҳмили як фард бар Ҳизби иттиҳоди миллии Африқо донист ва онро рад кард .
Роберт Мугабе мутаваллиди 1924 ва пиртарин раисҷумҳури ҷаҳон аст .
Ӯ дар ҳар бори интихоботи раёсатҷумҳурии кишвараш пирӯзи интихобот эълом мешавад .