Март 03, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
  • Озодии гумонбар ба қатли бародари раҳбари Кореяи шимолӣ

Шаҳрванди Кореяи шимолӣ, ки ба гумони даст доштан дар қатли бародари нотанӣ (бародарандар)-и раҳбари Кореяи шимолӣ дар Куала-Лумпур боздошт шуда буд, озод гашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории расмии Кореяи ҷанубӣ (Юнҳоп), Муҳаммад Апанди Алӣ, додситони кулли Малайзия гуфт, Ри Ҷунг Чули 46 -сола ва шаҳрванди Кореяи шимолӣ, ки ба гумони даст доштан дар қатли Ким Ҷунг Ном, бародари нотании раҳбари Кореяи шимолӣ боздошт шуда буд, рӯзи ҷумъа озод шуд. Зеро далели кофӣ барои муттаҳам кардани ӯ дар ин қатл вуҷуд надорад.

Навори видеои сабтшуда дар фурӯдгоҳи Малайзия нишон медиҳад, ки ду зани осиёӣ рӯзи 13 –уми феврал дар ин фурӯдгоҳ ба Ким Ҷунг Ном наздик шуда, порчаеро ба сурати ӯ мекашанд ва 20 дақиқа баъд бародари нотании раиси ҷумҳурии Кореяи шимолӣ фавт мекунад.

Рай Ҷунг Чул, ки кимиёшинос аст, як рӯз пас аз қатли Ким Ҷунг Ном ба гумони ин ки дар сохти моддаи химиявии омили қатл даст дошта ва ё ба дигар муттаҳамон барои фирор кӯмак кардааст, боздошт шуд.

 Коршиносон дар Малайзия бо озмоишҳо ва колбудшикофии ҷасади бародари нотании раҳбари Кореяи шимолӣ, иллати марги ӯро заҳролуд шудан аз моддаи хатарноки “Вай. Икс” ё “гази аъсоб” эълом карданд. Аммо сухангӯи ҳайати олирутбаи Кореяи шимолӣ, ки бо ҳадафи дастрасӣ ба ҷасади Ким Ҷунг Ном ба Малайзия сафар кардааст, рӯзи ҷумъа гуфт, иллати марги ӯ ҳамлаи қалбӣ будааст.

Холид Абубакр, бозраси кулли полиси Малайзия рӯзи ҷумъа иддаои Кореяи шимолӣ дар бораи эҳтимоли марги Ким Ҷунг Ном бар асари ҳамлаи қалбиро рад кард.

 

Барчасп