Март 11, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  • Марги садҳо ҳазор кӯдак дар ҷаҳон ба иллати олудагии муҳити зист

Солона садҳо ҳазор кӯдак дар ҷаҳон ба иллати олудагии муҳити зист ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба иттилои “Дей Пресс”, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гузориш дод: Як чаҳоруми маргу мирҳои кӯдакони зери панҷи соли ҷаҳон ношӣ аз олудагии муҳити зист ба хусус оби носолим, ҳавоии олуда, истиншоқ ва духониёт ва маҳрумият аз беҳдошт аст .

Бар асоси ин гузориш, олудагии муҳити зист заминаи ибтилои кӯдакон ба бемориҳои исҳол, малария ва илтиҳоби рияро фароҳам мекунад ва солона ҷони як миллиону 700 ҳазор кӯдакро мегирад .

Маргарет Чен, мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар баёнияе таъкид кард: Муҳити зисти олуда, муҳите кушанда барои кӯдакон аст, зеро дастгоҳи эминии баданашон марҳалаи рушдро сипарӣ мекунад ва беш аз дигарон аз олудагии обу ҳаво осеб мебинанд .

Ба гуфтаи мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, олудагии ҳаво хатари ибтило ба бемории қалбӣ, сактаи мағзӣ ва саратонро афзоиш медиҳад .

 

Барчасп