71-умин солгарди ҷинояти атомии Амрико дар Ҷопон
Ҳазорон тан аз мардуми Ҳирошима имрӯз дар солрӯзи фоҷеаи инфиҷори бомби атомӣ бо баргузории маросиме, ёди қурбониёни ин ҳодисаро гиромӣ доштанд ва бо равшан кардани шамъ, ёди оташеро, ки ҳафтоду як соли пеш, мардуми ин шаҳрро ба хокистар табдил кард, зинда карданд.
Ҳафтоду як соли пеш Амрико дар поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум барои водоштани Ҷопон ба таслим, як бомби атомӣ рӯи шаҳри Ҳирошима андохт ва се рӯзи баъд низ бо андохтани бамби дигар бар Нагасаки, ҳамин ҳодисаи ногувор ва талхро барои мардуми ин шаҳр рақам зад.
Ин ҷинояти торихӣ беш аз 200 ҳазор кушта бар ҷой гузошт.
Бештари қурбониёни ҳамалоти атомии Амрико ба Ҳирошима ва Нагасаки ғайринизомӣ буданд ва ҳанӯз пас аз солҳо Амрико ҳозир ба узрхоҳӣ аз ин ҷинояти башарӣ дар кишвари Ҷопон нашудааст.
Гузориши ҳамкорамон Суҳробиро дар ин бора мешунавед: