Март 18, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои мақоми аршади Созмони милал

Дар эътироз ба хориҷ шудани гузориши зидди саҳюнистии Комиссияи ғарби Осиёи Созмони милал аз дастури кори ин созмон, муовини дабири кулли Созмони милал аз симмати худ истеъфо кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, пас аз онки Созмони милал гузориши Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии ғарби Осиёи ин созмонро, ки дар он режими саҳюнистӣ ба табъизи нажодӣ муттаҳам шудааст, аз дастури кор хориҷ кард, Рима Халаф, муовини дабири кулли Созмони милал ба нишонаи эътироз ба фишорҳое, ки дар ин маврид ба вай ворид омадааст, аз симмтаи худ истеъфо кард .

Рима Халаф, ки як дипломати урдунӣ аст, гуфт: Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони милал аз вай хоста, гузориши Комиссияеро, ки дар он Исроил ба апартеиди зидди фаластиниҳо муттаҳам шудааст, аз дастури кор хориҷ кунад .

Пеш аз ин Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ ин гузоришро таблиғи зидди исроилӣ муаррифӣ карда ва Амрико низ аз он ба шиддат интиқод карда буд .

Дабири кулли Созмони милал истеъфои Рима Халафро пазируфтааст .

 

Барчасп