Март 28, 2017 14:52 Asia/Dushanbe
  • Шикоф дар ҷомеаи Амрико бар сари мавзуи муҳоҷират

Давлати Амрико, шаҳрҳо ва иёлотҳоеро, ки бар сари иҷрои қавонини зидди муҳоҷират монеътарошӣ кунанд, ба эъмоли муҷозот таҳдид кард.

Ҷефф Сешнс, вазири додгустарӣ ва додситони кулли Амрико гуфт, шаҳрҳо ва иёлотҳое, ки аз ҷинояткорони муҳоҷир дар баробари қавонини муҳоҷиратии федерал муҳофизат кунанд, мумкин аст, аз кумакҳои молии вазорати додгустарӣ маҳрум шаванд. Вай афзуд, кӯтоҳӣ дар бозгардондани хориҷиҳое, ки маҳкум ба иртикоби ҷиноёт ҳастанд, ҳамаи ҷавомеро дар маърази хатар қарор хоҳад дод. Ин изҳорот пас аз он унвон шуд, ки Эрик Шнейдерман, додситони кулли иёлоти Ню-Йорк эълом кард, дафтари вай ба давлатҳои маҳаллӣ кумак хоҳад кард, то абзорҳои лозимро барои муҳофизат аз ҷавомеи муҳоҷир ба даст оваранд .

Дар ҳоли ҳозир мавзуи муқобила бо падидаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва роҳҳои ҳалли ин муъзал, ба шикофе амиқ дар ҷомеаи Амрико бадал шудааст. Ағлаби назарсанҷиҳо нишон медиҳад, тақрибан андаке беш аз ниме аз мардуми Амрико бо сиёсатҳои сахтгиронаи давлати Трамп дар бархурд бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва роҳҳои коҳиши вуруди муҳоҷирон ва паноҳҷуён ба ин кишвар мухолиф ҳастанд.  Албатта дар солҳои гузашта чунин шикофе байни тудаи мардум бар сари чигунагии мувоҷеҳа бо муъзали муҳоҷирони ғайриқонунӣ дида мешуд. Аммо бо оғози давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ва иттихози сиёсати мушти оҳанин дар баробари вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Амрико, ин шикоф ба ҳавзаи тасмимгирӣ, бавижа дар ташкилоти қазоӣ сироят кардааст. Аз як сӯ, вазири додгустарӣ бо қотеият аз иёлот, шаҳрҳо ва бахшҳо хостааст, иҷрои қавонини муҳоҷиратиро мадди назар қарор диҳанд ва аз сӯи дигар, бархе аз шаҳрҳои ин кишвар ба манотиқе амн барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ бадал шудаанд. Ба унвони мисол, шаҳрдорони Чикаго ва Лос-Анҷелес эълом кардаанд, ки иҷоза намедиҳанд, муқаррароти вазъшуда аз сӯи давлати федерал барои боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба иҷро гузошта шавад. Ҳамин мавзеи сарсахтона дар баробари тасмимоти давлати федерал, вазири додгустарии Амрикоро ба эъмоли танбеҳоти эҳтимолӣ алайҳи мақомоти иёлотӣ ё маҳаллӣ водоштааст.  

Токунун низ талошҳои ҳуқуқӣ ва қазоии давлати Амрико ва дар раъси он, вазорати додгустарӣ барои иҷроӣ шудани фармонҳои зидди муҳоҷиратии Трамп роҳ ба ҷое набурдааст. Ба ҳамин далел низ додситонҳои кулли 12 иёлоти умдатан муҳофизакори Амрико ба ҳамроҳи як фармондор дар номае аз додгоҳи истинофи бахши чаҳоруми Амрико хостаанд, ҳукми додгоҳро дар хусуси таваққуфи бахше аз фармони иҷроии дуввуми Трамп дар хусуси мамнуияти сафарро лағв кунад. Ин афрод эълом карданд, иқдоми давлат дар ин замина баҳонае барои табъизи мазҳабӣ нест ва Қонуни асосиро нақз намекунад .

Ба ҳар ҳол, чунин ба назар мерасад, ки шикоф бар сари мавзуи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратӣ дар Амрико то муддатҳо тармим нашавад. Бавижа инки ҳамакнун яке аз курсиҳои девони олии федерал ба унвони олитарин марҷаи ҳуқуқӣ ва қазоӣ дар Амрико ҳамчунон холӣ аст ва имкони расидан ба иҷмоъро дар ин ниҳод душвор мекунад .