Август 07, 2016 13:17 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди асорати се шаҳрванди Русия ба дасти Толибони Афғонистон

Сафорати Русия дар Кобул хабари асорати се шаҳрванди ин кишвар ба дасти гурӯҳи Толибонро таъйид кард.

Ду рӯз пас аз суқути як болгарди покистонӣ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, сафорати Русия таъйид кард, ки се нафар аз сарнишинони ин болгард, шарвандони рус будаанд, ки ҳоло асири Толибон шуданд.

Ин болгард, ки мутааллиқ ба давлати маҳаллии Панҷоби Покистон аст, рӯзи панҷшанбе дар ҳаволии вилояти Лугар дар шарқи Афғонистон суқут кард.

Болгарди суқут карда, барои таъмир ба Русия рафта ва дар ҳоли бозгашт ба Покистон буд.

Масъулони сафорати Русия дар Кобул пешбинӣ кардаанд, ки амалиёти озодсозии шаҳрвандони кишварашон аз дасти Толибон идома меёбад.

 

Барчасп