Саҳми нависандагон ва шоирони афғонистонӣ дар адабиёти муосири Эрон
Муовини Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, дар ҳошияи баргузории намоишгоҳи бузурги китоби Эрон дар Кобул, гуфт, нависандагон ва шоирони афғонистонӣ дар солҳои ахир, дар адабиёти Эрон саҳим шудаанд.
Қаҳрамони Сулаймонӣ- рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА, афзуд, бистари маънавии рушд ва ҳамбастагии Эрон ва Афғонистон, забони муштарак буда ва тақвияти забон ба маънои тақвияти пайвастагии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ ва динӣ аст.
Сулаймонӣ заминаҳои ҳамкории муштараки фарҳангии Эрон ва Афғонистонро густурда донист ва гуфт, забон ва хатти муштараки ду миллат сабаб шудааст, то ноширон ва дастгоҳҳои фарҳангии Эрон ба навъе афғон низ маҳсуб шаванд.
Намоишгоҳи бузурги китоби Эрон, бо ширкати 60 ношири эронӣ ва 30 ношири афғонистонӣ, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Абдуллоҳ Абудллоҳ-раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ва шуморе аз мақомҳои фарҳангии эронӣ, дар Кобул ифтитоҳ шуд ва ба муддати як ҳафта барпо хоҳад буд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими кушоиши ин намоишгоҳ бо қадрдонӣ аз баргузоркунандагони он гуфт, баргузории намоишгоҳи китоби Эрон ба тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар кӯмак хоҳад кард.
Вай афзуд, намоишгоҳи китоби Эрон, бузургтарин намоишгоҳи китоб дар солҳои ахир дар Кобул аст ва баргузории он боис мешавад, то нашри китоб дар Афғонистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Ризо Маликӣ-ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Кобул, низ дар маросими кушоиши ин намоишгоҳ, гуфт, дар намоишгоҳи китоби Эрон, 25 ҳазор унвон китоб аз 60 ношири эронӣ ва 10 ҳазор унвон китоб аз 30 ношири афғон арза шудааст.