Горбачёв: Ҷаҳон барои ҷанги дигаре омода мешавад
Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ҳушдор дод, чунин менамояд, ки ҷаҳон барои ҷанги бузурги дигаре омода мешавад.
Ба гузориши ИРНА, Горбачёв дар мақолае, ки рӯзи шанбе дар пойгоҳи хабарии шабакаи дувуми телевизиони давлатии Русия мунташир шуд, афзудааст, докторинаи низомии бархе кишварҳо дорои гузинаҳои сарсахтона аст ва гароиш ба низомигарӣ дар ҷаҳон ба шиддат афзоиш меёбад.
Вай навиштааст, расонаҳо низ аз ин вазъият истифода мекунанд ва ба танишҳо дар сатҳи байналмилалӣ доман мезананд.
Ба навиштаи Горбачёв, аз сӯйи дигар акнун ҷаҳон дар остонаи ҷанги сарди ҷадид ҳам қарор гирифта, ки нишонаҳои он ба чашм мехурад.
Охирин раҳбари Шӯравӣ қабл аз фурӯпошӣ, ҳамчунин дар мақолаи дигаре, ки дар дар рӯзномаи “Российское газета”, органи расмии давлати Русия мунташир шуд, бо ҳушдор дар бораи оғози як ҷанги ҳавлнок дар Аврупо навишт: “Нерӯҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ (Нато) ва Русия, ки пеш аз ин дур аз ҳам буданд, акнун дар масофати тиррас, рўёрӯ шудаанд”.
Вай ҳамчунин бо ишора ба афзоиши ҳазинаи низомии бисёре аз кишварҳо навишт, ин вазъият дар шароите аст, ки бархе кишварҳо ҳатто буҷети кофӣ барои таъмини ниёзҳо ва хадамоти иҷтимоии асосии мардум надоранд.
Горбачёв бидуни ишора ба номи кишваре навишт, зердарёиҳое ба хидмат гирифта мешавад, ки партоби як мушаки ҳастаии он метавонад минтақае бузургро нобуд кунад ва сомонаҳои падофанди мушакӣ ҳам суботи роҳбурдии ҷаҳонро барҳам мезанад.