Апрел 24, 2017 12:52 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳи артиши Афғонистон

Ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар наздикии Мазори Шариф хашми мардум, мақомот ва намояндагони Маҷлиси миллии ин кишварро барангехтааст.

Ҳукумати Афғонистон дар пайи кушта шудани даҳҳо низомии ин кишвар дар ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи артиш дар наздикии Мазори Шариф се рӯз азои умумӣ эълом карда, парчами ин кишвар дар дохилу хориҷ ба ҳолати нимабарафрошта дармеояд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, ки барои баррасии вазъияти амниятӣ ва дидор бо сарбозони маҷрӯҳ ба шаҳри Мазор Шариф рафтааст, зимни ширкат дар маросими хоксупории қурбониёни ин ҳамла эълом кард, гурӯҳҳои террористӣ дар ҳафтаҳои ахир дар ҳеҷ минтақае аз Афғонистон амният надоштанд ва ҳамла ба пойгоҳи "Шоҳин" гӯё шикасти гурӯҳҳои террористӣ аст. Ӯ таъкид кард, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ то нобудии инҳо ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон низ зимни маҳкум кардани ин ҳамла онро "буздилона" ва хилофи ҳама арзишҳои исломию инсонӣ донист.

Намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон низ ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба пойгоҳи артиши ин кишвар дар наздикии Мазори Шариф, маркази вилояти Балхро такондиҳанда донистанд. Ноиби раиси аввали Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар нишасти рӯзи шанбе аз вахомати авзои амниятии кишвараш иброз нигаронӣ карда, аз Ашраф Ғанӣ хост, ба масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештаре кунад. Шариф Балхобӣ, яке аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон ҳамлаи муҳоҷимон ба қароргоҳи Лашкари 209-и "Шоҳин"-и артиш дар вилояти Балхро ҷинояти зиддибашарӣ хонда гуфт, вазири дифоъ бояд дар ин замина посухгӯ бошад. Ноҳид Фарид, як намояндаи дигари Маҷлиси миллии Афғонистон ҳам гуфт, сарони Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ бояд ихтилофоти худро канор бигузоранд ва ба амният беш аз пеш таваҷҷуҳ нишон диҳанд.

Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳинд ва Покистон бо интишори паёмҳое ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи артиш дар наздикии Мазори Шарифро маҳкум карданд.

Муовини Лашкари 209-и артиши Афғонистон дар Мазори Шариф эълом кард, дар ин ҳамла 138 тан аз нерӯҳои артиш кушта ва 64 тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ҷумъаи гузашта бо мошине, ки пур аз маводи мунфаҷира буд, ба қароргоҳи Лашкари 209-и "Шоҳин"-и артиш дар шимоли ин Афғонистон ҳамла карда, сипас бо низомиён даргир шуданд, ки ин даргирӣ пас аз 5 соат, бо кушта шудани аъзои Толибон поён ёфт.

 

Барчасп