Май 02, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Куштори суриҳо, тафреҳи баъд аз шоми Трамп

Вазири тиҷорати Амрико гуфт, ҳамла ба пойгоҳи низомии сурӣ дар шаби ҳафтуми апрели гузашта барои Доналд Трамп ҳукми тафреҳи баъд аз шомро дошт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ю Эс Эй Тудэй”, Вилбур Росс, вазири тиҷорати Амрико рӯзи душанбе дар Лос-Анҷелес гуфт, сари мизи шом Трамп хитоб ба меҳмонаш, раисҷумҳури Чин гуфт, ки мехоҳад ба ӯ чизе бигӯяд ва он масъала шиллики 59 мушак ба Сурия аст. Вазири тиҷорати Амрико гуфт, ин мавзӯъ тафреҳи сари мизи шоми Трамп буд ва созмондеҳии ин тафреҳ ҳеҷ масрафе барои раисҷумҳури Амрико надошт.

Дар шаби ҳафтуми апрел низомиёни Амрико ба дастури Трамп пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” дар Сурияро бо мушакҳои “Томаҳок” ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҳамла дастикам 9 ғайринизомӣ дар се рустои наздик ба ин пойгоҳи ҳавоӣ кушта шуданд, ки чаҳор тан аз онон кӯдак буданд.

 

Барчасп