Май 06, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ёздаҳ кушта дар даргирии марзии Афғонистону Покистон

Даргирӣ байни нерӯҳои марзии Афғонистон ва Покистон то кунун 11 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, даргирӣ байни нерӯҳои марзии Афғонистон ва Покистон аз рӯзи гузашта то кунун дар марзи “Чаман”, аз тавобеи иёлати Балучистон идома доштааст ва нерӯҳои марзӣ аз силоҳи сангин, ба вижа тӯпу хумпораандоз алайҳи якдигар истифода кардаанд.

Бо идомаи даргирии марзӣ ва табодули оташ байни нерӯҳои марзии 2 кишвар, мардуми Покистон аз мардуми маҳаллӣ дархост карданд, рустоҳои марзиро тарк кунанд.

Бо идомаи даргирии пароканда байни нерӯҳои марзӣ, марзи муштараки Покистон бо Афғонистон то итилои баъдӣ баста аст.

 Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Афғонистон кордори Сафорати Покистон дар Кобулро эҳзор ва ба таҷовузи низомии Покистон ба хоки ин кишвар ва ҳамла ба посгоҳҳои нерӯҳои марзӣ ба шиддат эътироз кард.

Вазорати умури хориҷаи Покистон низ сарконсули Афғонистон дар Кувайтаро эҳзор ва маротиби эътирози худро дар ҳадаф қарор додани мардуми оддӣ аз сӯйи нерӯҳои марзии ин кишвар ба итилои вай расонд.

Таниш миёни Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст ва ҳар як аз ду тараф дигариро муттаҳам мекунад, ки аз ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар он сӯйи марз ҷилавгирӣ намекунад.

 

Барчасп