Феврал 20, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Сафири Бразилия дар сарзаминҳои ишғолӣ фаро хонда шуд

Як манбаъ дар Вазорати хориҷаи Бразилия дар паи идомаи даргирии дипломатӣ миёни Бразилиа ва Тел-Авив эълом кард: Луис Инасио Лула да Силва-раиси ҷумҳур, сафири ин кишвар дар режими Исроилро барои гуфтугӯ фаро хондааст.

 Ба гузориши ИРНА, ин манбаъ, ки хост номи ӯ фош нашавад, афзуд: Даргирии дипломатӣ миёни Бразилиа ва Тел-Авив бар сари изҳороти ахири раиси ҷумҳури Бразилия дар бораи ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза дар ҷараён аст.

 Сафири Бразилия пештар аз сӯи вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ дар пайи изҳороти да Силва, ки ҷанги режими Исроил дар Ғаззаро ба наслкушии нозиҳо(натсисҳо) дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум ташбеҳ карда буд, эҳзор шуда буд.

 Раиси ҷумҳури Бразилия рӯзи якшанбе дар ҷараёни сию ҳафтумин иҷлоси Иттиҳодияи Африқо дар шаҳри Аддис-Абеба-пойтахти Эфиопия, Исроилро ба анҷоми наслкушӣ алайҳи фаластиниҳо дар навори Ғазза муттаҳам ва ҷанги ин режим дар Ғаззаро бо иқдомоти Адолф Ҳитлер барои нобудии яҳудиён муқоиса кард.

Да Силва  бо баён ин ки «ин ҷанги сарбозон алайҳи сарбозон нест», афзуд: Ин ҷанги миёни артиши бисёр омода ва занону кӯдакон аст.

 Аз сӯи дигар Силсо Аморем-мушовири вежаи умури байналмилали раиси ҷумҳури Бразилия шомгоҳи душанбе гуфт: Ба хотири муқоисаи ҷиноёти Исроил бо Адолф Ҳитлер аз Тел-Авив узрхоҳӣ намекунем.

 Вай ҳамчунин иқдоми режими саҳюнистӣ дар унсури номатлуб хондани да Силваро иқдоми пуч ва бемаънӣ донист.

 Бо гузашти 135 рӯз аз оғози ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза, шумори шаҳидони ин минтақа аз оғози ҷиноёти режими ишғолгар дар 7 октябр(15 меҳр) то кунун, ба 29092 нафар ва теъдоди захмиҳо низ ба 69028 нафар расида ва дар ҳоле, ки талошҳои миёнҷиҳо барои ҳалли ин буҳрон идома дорад, низомиёни ишғолгар ҳамчунон ҷиноят мекунанд ва миллати мазлуми Фаластин дар оташи зиёдахоҳии саҳюнистҳо муҳосира шудаанд.

 

 

Барчасп