Бо “модари бузурги ҷарроҳ” ошно шавед (акс)
Пиртарин ҷарроҳи ҷаҳон, ки як зани рус аст, дар остонаи 90-солагӣ ҳамчунон ба кораш идома медиҳад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, пиртарин ҷарроҳи ҷаҳон, хонум Алла Ливошкинаи 89-сола аст, ки аз 67 соли пеш ба амали ҷарроҳӣ мепардозад ва то кунун беш аз 10 ҳазор амали ҷарроҳӣ анҷом додааст. Ин ҷарроҳи кӯҳнакори рус дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтааст, корашро бо пизишки маъруфе ба номи Борис Петровский, ки устоди ҷарроҳони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва як давра вазири беҳдошт низ шуд, оғоз кардааст. Хонум Ливошкина мегӯяд, ӯро "модари бузурги ҷарроҳ" меноманд, зеро то ҳол ба кори ҷарроҳӣ идома медиҳад.
Ин пизишки ҷарроҳ гуфтааст, наметавонад корашро раҳо кунад, зеро ҳама беморон дӯстони ӯ ҳастанд ва ӯ ҳамеша барои беҳбуд ёфтани онҳо дуо мекунад.