Май 15, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Путин роҳбурди амнияти иқтисодии Русияро тасвиб кард

Владимир Путин раисҷумҳури Русия, барномаи роҳбурдии амнияти иқтисодии ин кишварро, то соли 2030 тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар ин мусаввабаи қонунӣ, ки рӯзи душанбе рӯи сайти давлати Русия қарор гирифт, давлати ин кишвар муваззаф шудааст, дар се моҳ иқдомҳои лозими созмонӣ, қонунӣ, ҳуқуқӣ ва низ равиши иҷроии ин мусаввабаро анҷом диҳад.

Дар ин мусавваба ба муҳиммтарин таҳдидҳо ва чолишҳои амнияти иқтисодии Русия ишора ва аз давлат хоста шудааст, ки тибқи ин барномаи роҳбурдӣ, барои контроли онҳо вориди амал шавад.

Бар асоси ин мусавваба, роҳбурди 13 солаи амнияти иқтисодии Русия хоҳад кушид, роҳҳои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ, ҷилавгирӣ аз буҳрони манобеъ, тавлидот, улум ва ҳавзаҳои фановарӣ ва молиро амалӣ кунад.

Охирин роҳбурди амнияти иқтисодии Русия, дар соли 1996 ба тасвиб расид.

 

Барчасп