Май 22, 2017 16:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти молии Арабистон ва Қатар аз ДИИШ дар Афғонистон

Узви Маҷлиси Афғонистон таъкид кард: Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳимояти молии Арабистон ва Қатар дар шимоли ин кишвар мустақар шудааст.

Ба иттилои хабаргузории Тасним, Ҷаъфари Маҳдавӣ, намояндаи маҷлис ва раҳбари Ҳизби миллати Афғонистон бо ишора ба ҳимояти молӣ ва низомии Арабистону Қатар аз гурӯҳи террористии ДИИШ гуфт: Аъзои ин гурӯҳи такфирӣ бо кумаки Риёз ва Давҳа ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд .

Вай афзуд: Арабистону Қатар пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳоло аз ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон ҳимоят мекунанд .

Ин намояндаи Маҷлиси Афғонистон таъкид кард: Давлати ваҳдати миллӣ ба далели заъф ва мудирияти носолим, тавоноии маҳори террористҳоро дар ин кишвар надорад ва идомаи ин вазъият Афғонистонро ба Сурияи дигаре табдил хоҳад кард .

Ин дар ҳолест, ки Ато Муҳаммад Нур, устондори Балх ахиран гуфта буд, давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳеч барномае барои саркуби гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли ин кишвар надорад .

 

Барчасп