Таътилии пойтахти Афғонистон
(last modified Tue, 06 Jun 2017 07:01:36 GMT )
Июн 06, 2017 12:01 Asia/Dushanbe
  • Таътилии пойтахти Афғонистон

Кобул, пойтахти Афғонистон дар остонаи нишасте мавсум ба “Раванди Кобул” имрӯз таътил эълом шудааст ва маъмурони амниятии шаҳри Кобул бо қарор додани контейнерҳо, хиёбонҳои мунтаҳӣ ба маркази шаҳр ва кохи раёсатҷумҳуриро бастаанд.

Ба иттилои Ирно, садҳо полис дар хиёбонҳои Кобул ба ҳолати омодабош даромада ва мошинҳои обпош ва нафарбарҳои зиреҳӣ дар ибтидои хиёбонҳо мустақар шудаанд .

Ҳамзамон бо нишасти Кобул барои сулҳ, ки имрӯз оғоз мешавад, ба муътаризон низ дар бархе аз қисматҳои шаҳр иҷоза дода нашуд, чодарҳои таҳассуни худро барпо кунанд .

Шаҳри Кобул рӯзҳои чаҳоршанбе ва шанбеи ҳафтаи гузашта, шоҳиди инфиҷорҳои террористӣ буд, ки бар асари он ҳудуди 130 тан кушта ва ҳудуди 600 нафар захмӣ шуданд .

Дар паи ин ҳаводис, шаҳри Кобул саҳнаи тазоҳуроту таҳассуни мардум шудааст .

Нишасти кобул бо шадидтарин тадобири амниятӣ баргузор мешавад ва бархе аз расонаҳои Афғонистон аз ин нишаст ба унвони нишасти сулҳ дар зери сақфи ҷанг ном бурдаанд .

Нишасти Кобул бо меҳвари мубориза бо терроризм, таъмини амният ва барқарории сулҳ бо ҳузури мақомоти 25 кишвару созмони байналмилалӣ баргузор мешавад .

Дар ин нишаст, намояндагони кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳинд, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия, Чин, Амрико, Олмон, Норвегия, Шветсия, Англия, Арабистон, Иморот, Қатар, Фаронса, Италия, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ҷопон, Созмони милали муттаҳид, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи муовинони Вазорати умури хориҷа ширкат хоҳанд кард.  

Ҳадаф аз баргузории нишасти як рӯзаи Кобул, даст ёфтан ба иҷмои минтақаӣ барои мубориза бо терроризму таъмини сулҳ дар Афғонистон аст .