Нишасти Шӯрои соҳибкорони Эрону Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Oct 2024 16:43:51 GMT )
Октябр 26, 2024 21:43 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои соҳибкорони Эрону Тоҷикистон

Дар таърихи 23 октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Машҳади устони Хуросони Разавӣ, нишасти Шӯрои соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба навиштаи сомонаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, дар нишаст роҳбарият ва аъзои Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Ҷуҳурии Исломии Эрон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷик ва доираи васеъи фаъолони иқтисодии устони Хуросони Разавӣ иштирок карданд.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат баррасӣ гардида, миёни фаъолони иқтисодии Тоикистону Эрон оид ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ва  таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкору таҷриба сурат гирифт.

Нишасти мазкур дар фазои анъанавии дӯстона доир гардид.

Бояд гуфт, аз 22 то 29 октябри соли ҷорӣ ҳайати соҳибкорони тоҷик бо сафари корӣ дар Эрон қарор дошта, зимни он боздиду музокироти онҳо бо фаъолони иқтисодии соҳаҳои саноат,  металлургия, кишоварзӣ ва дорусозии Хуросони Разавӣ пешбинӣ шудааст.