Июн 09, 2017 20:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии ҷаҳонӣ бо ҳукумату миллати Эрон идома дорад

Маҳкумияту ҳаводиси террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳрон ва таслиятгӯӣ ба ҳукумату миллати Эрон аз сӯйи кишварҳову шахсиятҳои байналмилалӣ ҳамчунон идома дорад.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар ҳошияи оини ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар Остонаи Қазоқистон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористии ахири Теҳрон бо ҳукумату миллати Эрон ибрози ҳамдардию ҳамбстагӣ кард.

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, Аламосбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо ирсоли паёмҳое ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаводиси террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳронро маҳкум карданд ва ба ҳукумату миллати Эрон таслият гуфтанд. Ким Ён Нам, раиси Кунгураи Миллии Халқи Кореяи Шимолӣ дар паёме ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Пхенян ин ҳамалотро маҳкум мекунад ва хостори барқарории сулҳу субот дар ҳама нуқоти ҷаҳон аст. Уқтой Асадов, раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар паёми ба Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон маротиби таслият ва ҳамдардии худу миллати Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳукумату миллати Эрон эълом кард.

 

Барчасп