Интиқоди Русия аз мамнуияти пӯшиши хабарии таҳаввулоти Қрим дар расонаҳои ғарбӣ
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, аз мамнуияти пӯшиши хабарии таҳаввулоти Қрим аз сӯи расонаҳои ғарбӣ интиқод кард.
Ба гузориши РИА Новости, Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе гуфт, сардабирони расонаҳои ғарбӣ, барқасдона аз сафари хабарнигорони худ ба Қрим ҷилавгирӣ мекунанд, ба ин далел, ки хабарнигорон бо таваҷҷуҳ ба тахассуси худ, наметавонанд дар мавриди ҳақоиқи воқеии зиндагӣ дар ин шибҳи ҷазира сукут кунанд.
Вай афзуд, хабарнигорони хориҷӣ инсонҳои боҳуш ва бо таҷрибае ҳастанд ва сардабирони онҳо на фақат иҷозаи сафар ба Қримро ба онҳо намедиҳанд, балки аз сафар ба Русия низ манъашон мекунанд.
Бо ташдиди буҳрон дар Украина, мардуми Қрим дар соли 2014 бо ширкат дар як ҳамапурсӣ ба ҷудоӣ аз Украина ва илҳоқи Русия раъйи мусбат доданд.