Июн 16, 2017 16:09 Asia/Dushanbe
  • Русия: Абубакр Бағдодӣ эҳтимолан кушта шудааст

Вазорати дифои Русия аз эҳтимоли ба ҳалокат расидани Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористӣ - такфирии ДИИШ дар яке аз бомборонҳои Русия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Вазорати дифои Русия эълом кард, Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи ДИИШ эҳтимолан дар яке аз ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои русӣ кушта шудааст. Ин созмон ҳамчунин эълом кард, дар ҳамлаи ҳавоии бисту ҳаштуми моҳи майи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба шаҳри Раққа 330  террорист кушта шудааст, ки эҳтимолан Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар байн онҳо будааст. Пеш аз ин низ хабарҳои таъйиднашудае дар бораи эҳтимоли кушта шудани Абубакр Бағдодӣ мунташир шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта ДИИШ эълом кард, Абубакр Бағдодиро аз раҳбарии ин гурӯҳ дар Сурия канор гузошта, ин амрро бар уҳдаи шӯрое аз фармондаҳонаш қарор додааст.

 

Барчасп