Русия ба ҷамъияташ як миллион нафар изофа мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18982-Русия_ба_ҷамъияташ_як_миллион_нафар_изофа_мекунад
Ҳукумати Русия афзоиши сареи ҷамъият ва беҳбуди саломатии шаҳрвандонро дар авлавиятҳои худ қарор додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Русия ба ҷамъияташ як миллион нафар изофа мекунад

Ҳукумати Русия афзоиши сареи ҷамъият ва беҳбуди саломатии шаҳрвандонро дар авлавиятҳои худ қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасте бо номи «Рушди ҷамъияти Русия» гуфтааст, ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ солҳои тӯлонӣ рӯй ҳам зам шуда, сахту душвор ба назар мерасад, аммо дар ин росто Русия муваффақ шудааст. Ӯ афзоиши таваллуду коҳиши маргумирро аз нишонаҳои ин муваффақият дониста гуфтааст, бояд ба таври муассир мавзӯи ҳимояти иқтисодию иҷтимоӣ аз хонавода ва кӯдакон такмил шавад, мушкили таъмини ниёзҳои кӯдакони зери се сол тазмин шавад ва иқдомоти такмилӣ барои таъмини маскани хонаводаҳои дорои фарзандони хурдсол дар дастури кор қарор гирад. Раисҷумҳури Русия таъкид кард, афзудани як миллион нафар ба ҷамъияти ин кишвар то соли 2020 яке аз тарҳҳои ҳукумат аст ва ҳамчунин умри миёна бояд ба 74 сол бирасад.

Русия ба унвони паҳновартарин кишвари ҷаҳон танҳо ҳудуди 145 миллион нафар ҷамъият дорад ва ҳамчунон бо камбуди нерӯи инсонӣ ва мутахассисон рӯ ба рӯ аст. Ҳукумати Русия дар солҳои ахир бо ҳадафи афзоиши ҷамъият тарҳҳои мухталиферо барои ҷазби муҳоҷирони хориҷӣ ва ташвиқи хонаводаҳои рус ба доштани фарзанди бештар ба иҷро гузоштааст.