Июн 25, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Стратегияи Амрико - таҳдидофаринӣ аз нақши минтақаии Эрон

Майк Помпео, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (ЦРУ) гуфтааст, амнияти миллии Амрико ба воситаи Эрон таҳдид мешавад. "Ассошейтед пресс" рӯзи шанбе дар хабаре аз Вашингтон бо инъикоси ин изҳороти иддаоӣ афзуд, Помпео ҳамчунин Эронро бузургтарин кишвари ҳомии терроризм дар ҷаҳон тавсиф кард.

Амрико то қабл аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ҳеҷ мушкиле бо Эрон надошт, зеро Эрон бахше аз умқи стратегияи Амрико дар минтақа маҳсуб мешуд, аммо пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон тасмимгириҳои минтақаии Амрикоро дигаргун кард. Амрико ба ду далели муҳим аз вазъи бавуҷудомада пас аз пирӯзии инқилоб нигарон шуд. Далели нахуст он буд, ки низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрикоро дар Эрон ба чолиш кашид. Далели дувуми нигаронии Амрико аз ин тағйир улгӯ шудани Эрон барои миллатҳои инқилобӣ ва ба чолиш кашида шудани ҳукуматҳои худкома дар минтақа будааст. Амрико борҳо саъй кардааст, муқобили ин ҷараён истад, аммо муваффақ нашудааст.

Мақомоти Амрико акнун бо рӯй кор омадани сиёсатмадорони ифротгаро дар кобинаи Трамп талоши бештаре мекунанд, то монеъ аз шаклгирии сохторҳои навини сиёсӣ дар минтақа шаванд ва ё ин ки дастикам ҳар гуна тағйири мувозинати қудрат дар минтақа бар асоси чаҳорчӯби Амрико бошад. Ин ҷараён дар пайи дидори моҳи гузаштаи Трамп аз Арабистон дар чорчӯби эътилофсозӣ алайҳи Эрон калид хӯрд. Ин стратегия ошкоро ба дунболи эҷоди сохтори ҷадиде аз мувозинати қудрати минтақаӣ бо такя бар гегемонияи низомии Амрико ва Арабистон аст. Ҳокимони Риёз то кунун доираи ин нақшофариниро густариш додаанд. Тозатарин ҳаракати Арабистон бар рӯй сафҳаи шатранҷи минтақа тағйироти дарунӣ ва ҷобаҷоии Муҳаммад ибни Салмон бо Муҳаммад ибни Ноиф ба ҳайси валиаҳд аз ҷониби подшоҳи Саудӣ аст, аммо ин бозӣ ҳанӯз тамом нашудааст. Масоиле монанди ихтилофи Арабистон бо Қатар ва чандсадоӣ дар миёни Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва иқтидори Эрон дар дафъи таҳдидҳо аз мавзӯъҳои ҷиддӣ ва чолишбарангез барои Амрико ва Арабистон маҳсуб мешаванд.

Ноам Чомски, сиёсатмадор ва назарияпардози машҳури амрикоӣ чанде қабл дар мусоҳибае дар посух ба саволе дар бораи изҳороти мақомҳои Амрико дар бораи ин ки Эрон бузургтарин таҳдид барои ин кишвар аст, гуфт: "..ин кори Амрико солҳост, ки идома дорад. Тамоми солҳои даврони Обама ҳам Эрон бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меомад ва ин ҳарф борҳо ва борҳо такрор шудааст." Суоле, ки Чомски матраҳ кард, ин аст, ки чӣ касе метавонад нигаронии як сиёсати боздорнда бошад?

Ғарби Осиё дар даҳаҳои ахир таҳаввулоти муҳимеро пушти сар гузошта, дар ҳоле ки ҳадафи аслии ин таҳаввулот таҳдидсозии Амрико алайҳи Эрон будааст. Бар ин асос дар таҳаввулоти ҷорӣ дар минтақа навъе ҳамкорӣ ва тақсими кор миёни Арабистону Амрико ва режими саҳюнистӣ ҷиҳати эътилофсозӣ зидди Эрон мушоҳида мешавад. Арабистон бо харидҳои калони низомӣ ва ахиран низ бо имзои қарордоде ба арзиши беш аз 110 миллиард доллар силоҳ аз Амрико саъй кард, қудрати боздорандагии Эронро ба чолиш бикашад.

Чанде қабл яке аз таҳлилгарони Саудӣ иддаоеро матраҳ карда, ки дар он гуфта шуда, Арабистон метавонад зарфи чаҳор то шаш соат осмони Эронро тасхир кунад. Колин Пауэлл, вазири умури хориҷии пешини Амрико тайи изҳороте дар шабакаи CNN ба ин изҳорот ин гуна вокуниш нишон дод: " ....суҳбатҳои шумо бештар ҷанбаи шӯхӣ ва ханда дорад. Агар Эрон мустақим бо шумо вориди ҷанг шавад, шумо ҳатто фурсат пайдо намекунед, ки телефонро бардоред, то аз мо тақозои кумак кунед. Беҳтар аст, каме воқеъбин бошед ва Эронро бо Яман ва ҳеҷ кишвари дигар муқоиса накунед, ҳатто мо ҳам то кунун чунин иддаое накардаем."

Бо ин ҳол, дар давраи Трамп режими саҳюнистӣ лоиҳаи тазъифи ҷабҳаи муқовимати исломиро дунбол мекунад ва Амрико низ ҳидояти утоқи фикрии ин ҷараёни тарҳрезишударо ба уҳда дорад. Дар ин росто сиёсатмадорони тундраве монанди Майк Помпео, раиси Созмони иттилоотии марказӣ, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷӣ ва Ҷеймз Мэттис, вазири дифои Амрико ба дунболи ин ҳастанд, ки бо таҳдиднамоӣ аз нақши Эрон дар минтақа ин чолишро ба як буҳрон табдил кунанд. Ироаи тарҳҳое аз навъи ҷобаҷоии мусолиматамези қудрат дар Эрон, ки дар газзофгӯиҳои ахири Тиллерсон матраҳ шуд ва истифода аз гегемония ва пули Арабистон барои тағйири сохторҳои амният дар Халиҷи Форс аз масъалаҳое аст, ки Амрико барои расидан ба ин ҳадаф ба кор гирифтааст. Изҳороти Помпео мабнӣ бар таҳдид будани Эрон барои амнияти миллии Амрико низ дақиқан ҳамин ҳадафро пӯшиш медиҳад.