Устоди донишгоҳи Амрико: Иддаъои Трамп дар бораи дипломатия қобили эътимод нест
(last modified Tue, 08 Jul 2025 04:55:45 GMT )
Июл 08, 2025 09:55 Asia/Dushanbe
  • Устоди донишгоҳи Амрико: Иддаъои Трамп дар бораи дипломатия қобили эътимод нест
    Устоди донишгоҳи Амрико: Иддаъои Трамп дар бораи дипломатия қобили эътимод нест

Порс тудей - Як устоди донишгоҳи давлатии Калифорнияи Амрико субҳи рӯзи сешанбе дар бораи ҷанги 12-рӯзаи Вашингтон ва Тел-Авив алайҳи Эрон гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба таърихи тӯлонӣ ва нангини шикастани ваъдаҳо ва тавофуқҳо ва даст задан ба хушунат, иддаои Доналд Трамп дар бораи дипломатия ва бозгашт ба мизи музокира қобили эътимод нест ва ҳаргуна тавофуқ бояд равандро ҳидоят кунад, ки бар иқдом ва ростиозмои муттаки бошад.

Девид Н.Яғубиён, устоди таърихи Донишгоҳи давлатии Калифорния ва таҳлилгари аршади умури байналмилалӣ, афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи ин талоши нокоми ахир барои тахриби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва паёмадҳои минтақаӣ ва геополитикии пирӯзии ниҳоии Эрон, воқеият метавонад тақозо кунад, ки эътимод ба Трамп ё Амрико дар ниҳоят дигар барои Эрон иломи нест ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пешбурди барномаи ҳастаӣ худ ба равишҳое ки ба бештарин ваҷҳ манофеъи иқтисоди ва амниятии Эронро таъмин мекунад идома хоҳад дод.