Баргузории намози иди Саиди Фитр дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19190-Баргузории_намози_иди_Саиди_Фитр_дар_Русия
Имрӯз якшанбе намози иди Саиди Фитр бо ҳузури даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмонони Русия ва муҳоҷирони мусулмон, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар иқома шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 25, 2017 17:43 Asia/Dushanbe

Имрӯз якшанбе намози иди Саиди Фитр бо ҳузури даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмонони Русия ва муҳоҷирони мусулмон, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар иқома шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар суханоне фаро расидани иди Фитрро ба мусулмонони ин кишвар табрик гуфт .

Путин аз инки мусулмонони Русия ба одобу аъмоли ибодии дини худ пойбанд ҳастанд, ибрози хурсандӣ кард .

Русия 25 миллион мусулмон дорад ва чанд миллион муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин кишвар ҳузур доранд .