Таҳримҳои Русия алайҳи 28 кишвари аврупоӣ
Нахуствазири Русия, бо имзои бахшномае, тамдиди қатъии 18 моҳаи таҳримҳои ин кишвар алайҳи Иттиҳоди Аврупоро барои иҷро иблоғ кард.
Ба гузориши Ирно, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия тамдиди таҳримҳои ин кишвар алайҳи Иттиҳоди Аврупоро барои 18 моҳи дигар иблоғ кард, ки дар чорчуби посухи мутақобил ба иқдомҳои сесолаи зидди русии 28 узви ин иттиҳод аст .
Дмитрий Медведев, дар бораи тамдиди таҳримҳо алайҳи Иттиҳоди Аврупо эълом кард, тадобири мутақобил посухе барои дифоъ аз манофеи миллӣ ва ҳимоят аз бахшҳои иқтисодии Русия аст .
Нахуствазири Русия гуфт, кишоварзони рус борҳо тамдиди ингуна тадобир дар мавриди кишварҳои ғарбӣ ва таъини дурнамои фаъолияти онҳоро дар ин бахш хостор шудаанд .
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳафтаи гузашта, дастури тамдиди таҳримҳо алайҳи Иттиҳоди Аврупо то 31 декабри 2018-ро содир кард .
Брюссел пас аз моҳи июли 2014 дар паи ҷудоии шибҳҷазираи Қрим аз Украина ва тарҳи иттиҳоми ҳимояти Маскав аз мухолифон дар шарқи Украина, таҳримҳои зидди русӣ иҷро кард дар ҳоле, ки Маскав иддаои матраҳшударо рад кардааст .
Русия низ аз соли 2014 таҳримҳоеро дар арсаи маҳсулоти кишоварзӣ дар мавриди кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо эъмол кардааст .