Ифшои бозии зидди эронии Арабистон дар Русия
(last modified Mon, 10 Jul 2017 11:54:24 GMT )
Июл 10, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Ифшои бозии зидди эронии Арабистон дар Русия

Раиси Ширкати давлатии РОСТЭК фош кард, Арабистон дар соли 2012 барои ҷилавгирӣ аз таҳвили С-300 ба Эрон, як қарордоди намоишии хариди ҷангафзор бо Русия имзо кард, вале аз иҷрои он сар боз зад.

Сергей Чемезов, раиси Ширкати давлатии РОСТЭК, ки махсуси фанновариҳои пешрафта аст, дар мусоҳиба бо ИТАР-ТАСС эълом кард: Арабистон бо вуҷуди бастани ин қарордоди панҷ миллиард долларӣ, ҳеч силоҳе аз Русия нахарид .

Чемезов ин иқдомро бозии Арабистон барои ҷилавгирӣ аз таҳвили таслеҳоти падофанди ҳавоии С-300 аз Русия ба Эрон хонд .

Эрон соли 2016 сомонаи С-300-ро ба таври комил аз Русия таҳвил гирифт .

Раиси Ширкати давлатии РОСТЭК ҳамчунин аз барномаи ҷадиди фурӯши ҷангафзори русӣ ба Арабистон хабар доду гуфт: Маскаву Риёз қарордоди таслеҳотӣ ба арзиши севу ним миллиард доллар имзо кардаанд.

Ба гуфтаи Чемезов, бар асоси ин қарордод, Риёз шарт кардааст, ки Русия бахше аз фанноварии сохти силоҳро дар ихтиёри Арабистон қарор диҳад, аммо аз назари Русия имкони мушорикат додани саудиҳо вуҷуд надорад ва танҳо чизе, ки Русия метавонад ироа диҳад, сохти корхонаи тавлиди силоҳҳои субк аз навъи Калашников аст .