20 сол зиндон барои қотили раҳбари мухолифони Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20008-20_сол_зиндон_барои_қотили_раҳбари_мухолифони_Русия
Муҷрими аслӣ дар парвандаи қатли Борис Немтсов, раҳбари мухолифони давлати Русия ба таҳаммули 20 сол зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2017 19:03 Asia/Dushanbe
  • 20 сол зиндон барои қотили раҳбари мухолифони Русия

Муҷрими аслӣ дар парвандаи қатли Борис Немтсов, раҳбари мухолифони давлати Русия ба таҳаммули 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, муҳокимаи муттаҳамони қатли Борис Немтсов -раҳбари мухолифони давлати Русия, ки феврали 2015 наздики Кремл рух дод, рӯзи панҷшанбе поён ёфт ва Заур Дадаев зодаи Чеченистон ба унвони муҷрими аслӣ ба таҳаммули 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин афсари собиқи вазорати дохилии Русия ҳамчунин аз ҳамаи масъулиятҳо ва савобиқи давлатии худ халъ шудааст.

Бар асоси раъйи додгоҳ, се ҳамдасти дигари Дадаев низ ба таҳаммули 14 то 19 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Немтсов солҳои 1991-1997 волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд.

Баъди ба сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст.