Июл 23, 2017 20:04 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо таҳримҳои ҷадиди зидди Эрон

Русия эъмоли таҳримҳои ҷадиди зидди Теҳронро нақзкунандаи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳ 1+5 донист.

Ба нақл аз Ирно, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе бар риоят ва иҷрои комили тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 аз ҷумла дар масъалаи марбут ба лағви таҳримҳои якҷонибаи зидди Эрон таъкид кард .

Вазорати умури хориҷаи Русия дар ин баёния эълом кард, дар ҳаштумин Комиссияи муштараки барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), ки рӯзи ҷумъа дар Вена баргузор шуд, ширкаткунандагон бар пайбандӣ ба тааҳҳудоти худ ва низ иҷрои комил ва муассири тавофуқи ҳастаӣ дар фазое созанда таъкид карданд .

Дар идомаи ин баёния омадааст: Ширкаткунандагон дар нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ тайид карданд, Эрон ба тааҳҳудҳои худ дар чорчуби БАРҶОМ пойбанд буда ва дар сутуҳи олӣ бо Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ҳамкорӣ кардааст .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 июли 2015 миёни намояндагони Эрону Амрико,  Британия, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон дар паи гуфтугӯҳои сахту фишурда имзо шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамвора бар хилофи мавозеи тарафҳои дигар таъкид дорад, БАРҶОМ тавофуқи баде аст .

 

Барчасп