Човушуғлу: Раиси Афви байналмилали Туркия узви созмони Гюлен аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20590-Човушуғлу_Раиси_Афви_байналмилали_Туркия_узви_созмони_Гюлен_аст
Вазири хориҷаи Туркия, раиси шохаи Афви байналмилал дар кишварашро ба узвият дар созмони террористии Гюлен муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 26, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Човушуғлу: Раиси Афви байналмилали Туркия узви созмони Гюлен аст

Вазири хориҷаи Туркия, раиси шохаи Афви байналмилал дар кишварашро ба узвият дар созмони террористии Гюлен муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия муддаӣ шуд, раиси шохаи Афви байналмилал дар Анкара бо созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен ҳамдаст будааст.  

Човушуғлу бо баёни ин ки ин созмон дар Туркия ба роҳатӣ ва бо озодӣ фаъолият мекардааст афзуд, раиси Афви байналмилал узви созмони вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен аст ва бо саркардаҳои ин созмон дар хориҷи кишвар иртибот барқарор карда буд.

 Вай гуфт, созмони Гюлен аз назари Амрико ва Аврупо террористӣ нест ва ба ҳамин далел иқдомоти Туркия алайҳи ин созмонро ҳамла ба ҳуқуқи башар ва озодии баён медонанд.

Ҳудуди 20 рӯз қабл давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия 6 узви Афви байналмилал ҳамчун раиси шохаи туркияии ин созмонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо кудатогарон ва созмони Гюлен боздошт кард.