Ғарибободӣ : Миллати Эрон дар муқобили таҳдид маҳкамтар меистад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125440-Ғарибободӣ_Миллати_Эрон_дар_муқобили_таҳдид_маҳкамтар_меистад
Порс тудей - Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Миллати Эрон имрӯз сарнавишти худро таъйин мекунад ва бо фишор ақибнишинӣ намекунад ва дар муқобили таҳмилу таҳдид , муҳкамтар меистад.
(last modified 2026-08-19T07:50:49+00:00 )
Август 19, 2026 12:40 Asia/Dushanbe
  • Козими Ғарибободӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон
    Козими Ғарибободӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон

Порс тудей - Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Миллати Эрон имрӯз сарнавишти худро таъйин мекунад ва бо фишор ақибнишинӣ намекунад ва дар муқобили таҳмилу таҳдид , муҳкамтар меистад.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Козими Ғарибобод-муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон дар паёме ба муносибати солрӯзи кудатои 28 мурдод дар фазои маҷозӣ навишт : “ Кудатои 28 мурдоди 1332 , мудохилаи мустақими Амрикову Англия дар иродаи миллати Эрон ва ҳаққи таъйини сарнавишти он буд ; торихе ки на метавон онро сафед кард ва на ба фаромӯшӣ супурд.
Вай афзуд : Дахолати хориҷӣ дар сарнавишти як миллат бо ҳар номе , истеъмору таҷовуз ба ҳақи ҳокимияти мардум аст.
  Ғарибободӣ гуфт : Наслҳо мегузаранд , аммо як ҳақиқат тағйир намекунад ; кишваре, ки ихтиёри сарнавишти худро ба бегона бисупорад , баҳои сангинӣ хоҳад пардохт.