Июл 26, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби таҳримҳои нави Амрико зидди Эрон - нақзи ошкори БАРҶОМ

Маҷлиси намояндагони Амрико, сешанбешб дар идомаи рӯйкарди душманонаи Вашингтон дар баробари Теҳрон ва Маскав, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эрон ва Русияро бо 419 раъйи мувофиқ ва фақат се раъйи мухолиф тасвиб кард. Ин тарҳ нусхаи ислоҳшудаи тарҳе аст, ки пеш аз ин бо ҳадафи таҳрими Эрон ва Русия дар сенои Амрико тасвиб шуда буд.

Ин таҳримҳо, ки шомили ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ ва бархе ниҳодҳо ва ширкатҳои муртабит бо саноеи дифоии Эрон мешавад, нақзи мустақими БАРҶОМ аст. Ҳамзамон бо ин иқдом, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар изҳороти хандадоре таҳдид кардааст, ки агар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тааҳҳудоташ дар баробари Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) пойбанд набошад, «мушкилоти бисёр бузурге» барои Эрон пеш хоҳад омад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки тозатарин гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва ҳамчунин Шӯрои амнияти Созмони милал, пойбандии комили Эрон ба тааҳҳудоти БАРҶОМ-ро таъйид ва мақомоти давлати Амрико ҳатто Трамп низ таъйид кардаанд, ки Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст.

Фуоди Эзадӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: Иттифоқе, ки афтода ин аст, ки бар хилофи матни таҳримҳои гузашта бо матни ҷадид ва густурда мувоҷеҳем, ки тури бузургеро паҳн ва афрод ва ниҳодҳои бештареро даргири ин таҳримҳо мекунад.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ бо ишора ба баҳонаи амрикоииҳо аз тасвиби ин таҳримҳо афзуд: Бастаи таҳримии 722, ба баҳонаи барномаҳои мушакӣ ва рӯйкардҳои ҳуқуқи башарӣ ва масъалаи терроризм тақрибан ҳамаи сохторҳо ва созмонҳои иқтисодии Эронро ҳадафи таҳрим қарор медиҳад.

Бар хилофи он чи мақомҳои Амрико иддао мекунанд, тавони дифои мушакӣ ва қудрати боздорандагии Эрон бар асоси протоколҳои байналмилалӣ, ҳеҷ рабте ба музокироти ҳастаӣ надорад ва нақзи БАРҶОМ нест. Амрико на фақат дар мавриди БАРҶОМ, балки дар мавриди соири тавофуқҳои чандҷониба ва байналмилалӣ, монанди тавофуқи обу ҳавоии Париж ва муоҳидоти зистмуҳитӣ ва низ дар хусуси муоҳидаи манъи тавлид ва густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) низ аҳдшиканӣ кардааст. Аз назари Амрико як тавофуқ вақте хуб ва матлуб аст, ки манофеи зиёдахоҳона, қонуншиканиҳо ва сайтраҷӯиҳои Амрико дар он лиҳоз шуда бошад.

Дар соли 1990 мелодӣ замоне, ки Буши падар докторинаи назми навини ҷаҳониро ироа кард, гуфт, давлат метавонад дар қолаби муқаррароте, ки Амрико бунёд кардааст, ҳар гуна ҳуқуқ ва муоҳидаи байналмилалиро зери по бигузорад. Бинобар ин муттаҳам кардани Эрон ба барҳам задани амнияти минтақа баҳонае мавҳум ва беасос аст.

Мақомҳои Амрико акнун саъй доранд Эронро сабабгори барҳам хӯрдани тавофуқи БАРҶОМ муаррифӣ кунанд.

Ҳишматуллоҳи Фалоҳатпеша узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон сешанбешаб дар барномаи “Гуфтугӯи вижаи хабарӣ”-и шабакаи дувуми телевизиони Эрон, гуфт: Воқеият ин аст, ки Амрико думболи баҳона буда, то Эрон Барнома ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро нақз кунад.

Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон барои он чи гуфтугӯ ва тавофуқ карда, эҳтиром қоил аст. Эрон дар ин доми Амрико нахоҳад афтод ва Амрико худ бояд посухгӯи ҳамаи тарафҳои Барҷом ва Шӯрои амният бошад.