Нигоҳи мусбати мардуми Русия ба мусулмонон
Натоиҷи назарсанҷӣ дар Русия нишон дод, бештари мардуми ин кишвар дар бораи мусулмонон назари мусбате доранд.
Ба нақл аз манобеъ, назарсанҷии муассисаи пажуҳишии Levada нишон медиҳад, 59 дарсади шаҳрвандони Русия ба мусулмонон ҳисси мусбате доранд .
Тибқи ин назарсанҷӣ, фақат 13 дарсади русҳо ба мусулмонон ҳисси манфӣ доранд.
Муассисаи Levada ин назарсанҷиро дар моҳи июни 2017 ба равиши мусоҳибаи ҳузурӣ анҷом дода ва натоиҷи онро дар моҳи июл мунташир кардааст .
Levada бо муқоисаи ин назарсанҷӣ ва ёфтаҳои назарсанҷии авохири соли 2012 гузориш дод, ки дар ин муддат ҳисси манфии шаҳрвандони Русия ба мусулмонон, чаҳор дарсад коҳиш ёфтааст.
Ислом, дуввумин дини Русия аст ва аз ҳудуди 145 миллион ҷамъияти ин кишвар, 20 то 23 миллион нафар мусулмон ҳастанд .