Август 05, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Русия ба иқдоми интиқомҷӯёна зидди таҳрими ҷадиди Иттиҳоди Аврупо

Дар пайи иқдоми Иттиҳоди Аврупо дар барқарории таҳримҳои ҷадиди зиддирусӣ, Вазорати умури хориҷаи Русия ин иттиҳодияро ба иқдоми ҷавобӣ таҳдид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, Маскав ҳаққи иқдомҳои интиқомҷӯёна зидди таҳримҳои ҷадиди Иттиҳоди Аврупоро барои худ маҳфуз медонад.

Вазорати умури хориҷаи Русия дар айни ҳол бар алоқамандии Маскав барои ҳифзу густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо таъкид кард.

Комиссияи Аврупо дар идомаи ҷанҷоли интиқоли турбинаҳои гази ширкати олмонии “Сименс” ба минтақаи Қрим, рӯзи ҷумъа таҳримҳо зидди се шахси ҳақиқӣ, аз ҷумла Андрей Черезов, муовини вазири энержии Русия ва се ширкати ин кишвар ҷорӣ кард.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия омадааст, масъулияти ин тасмим, аз ҷумла ҳазинаҳои эҳтимолӣ барои ширкати “Сименс” ва дигар ширкатҳои олмонӣ ва аврупоии фаъол дар Русия комилан ба Иттиҳоди Аврупо ва давлати Олмон нигаронида шудааст.

Иттиҳоди Аврупо пас аз баргузории ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қрим ва пайвастани ин минтақа аз Украина ба Русия дар соли 2014, таҳримҳоро зидди Маскав ҷорӣ кардааст.

 

Барчасп