Омодабоши сомонаҳои зиддимушакии Русия дар Ховари Дур
Намояндаи парлумони Русия аз омодабоши сомонаҳои падофанди ин кишвар дар Ховари Дур пас аз авҷ гирифтани буҳрон дар шибҳиҷазираи Корея хабар дод.
Ба гузориши “Спутник”, Виктор Озеров, намояндаи парлумони Русия гуфт, буҳрон дар шибҳиҷазираи Корея талаб мекунад, ки тадобири бештаре барои ҳифозат аз қаламрави Русия иттихоз шавад. Ба гуфтаи раиси пешини Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Русия, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар дар Ховари Дур дар ҳоли омодабоши комил ҳастанд.
Кореяи Шмолӣ ва Амрико якдигарро таҳдид кардаанд, дар сурати иқдоми хасмона бо вокуниши бисёр шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки ҳар гуна иқдоми Кореяи Шимолӣ бо посухе, ки ҷаҳон ҳаргиз монанди онро надида, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Кореяи Шимолӣ ҳам эълом кардааст, ба ҷазираи Гуам дар уқёнуси Ором, ки мизбони чанд пойгоҳи низомии Амрико аст, ҳамлаи мушакӣ хоҳад кард.