Август 16, 2017 21:02 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии Поп аз фасоди ахлоқӣ дар калисо

Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз кӯдакозории кишишҳо узрхоҳӣ ва аз қурбониёни он талаби бахшиш кард.

Рӯзномаи Билди Олмон дар торнамои худ навишт: Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар муқаддамае барои китобе дар бораи қурбониёни сӯиистифодаҳои ҷинсии кишишҳо, падидаи кӯдакозории кашишонро ба шиддат маҳкум кардаву навиштааст, кӯдакозории ҳаюлои мутлақ ва гуноҳе ваҳшатнок дар тазод бо тамоми таълимҳои калисо аст .

Поп бо ишора ба худкушии бархе қурбониён гуфт: Ин маргҳо бар виҷдони тамоми калисо сангинӣ мекунанд.

Поп дар идома аз қурбониёни кӯдакозории кашишон ва хонаводаҳои онон, узрхоҳӣ ва талаби бахшиш кардааст.

Таҷовузи кашишҳо ба кӯдакон дар солҳои ахир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аланӣ шуда ба тавре, ки Ватикан дар соли 2014 эълом кард, 900 кашишро ба ҳамин далел халъи либос ва аз калисо ихроҷ кардааст .